БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Абдуллозода Умеда Бегмурод – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Абдуллозода Умеда Бегмурод

14 феврали соли 1984 дар шаҳри Ҳисор дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллат тоҷик, маълумот олӣ буда, соли 2007 факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог, муаллим хатм кардааст. Соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои филология мебошад. Абдуллозода Умеда фаъолияти хешро аз омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таълимии 49-и шаҳри Душанбе, 17-и шаҳри Ҳисор оғоз кардааст. Солҳои 2008-2010 дар шуъбаи рӯзонаи кафедраи адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зинаи аспирантура таҳсил намуда, соли 2011 рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Сипас, ба ҳайси котиби илмии назди муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, оператори раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи мазкур ва солҳои 2011-2014, котиби илмии Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ҳамзамон, ҳамчун ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ (барои факултетҳои ғайрифилологӣ)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Давоми солҳои 2014-2020 муовини раиси шаҳри Ҳисор ва солҳои 2020-2024 муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар доираи Анҷумани XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуд.

Бо мукофотњои давлатии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тољикистон», Медали ҷашнии "15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Медали ҷашнии "25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии “За помощ содействие ветеранскому движению” сарфароз гардонида шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg