БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

КАРИМЗОДА МИРЗОҚОСИМ – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

КАРИМЗОДА МИРЗОҚОСИМ

17-уми сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллат тоҷик, маълумот олӣ буда, соли 2006 факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси дипломат ва ҳамин донишгоҳро соли 2011 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих мебошад. Мирзоқосим Каримзода фаъолияти хешро давоми солҳои 2004-2006 ба ҳайси мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд оғоз кардааст. Солҳои 2006-2007 мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2007-2008 ассистент, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буд. Солҳои 2008-2009 ҳамчун омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик ва фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст. Давоми солҳои 2009-2011 ходими илмии Маркази илмӣ-тадқиқотӣ ва методии “Тоҷикистон: таърих, сиёсат, замони муосир”-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2011-2012 дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буд. Солҳои 2012-2014 дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, минбаъд солҳои 2014-2018 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2018-2023 ҳамчун сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд адои вазифа намудааст. Аз июни соли 2023 то 18-уми декабри соли 2024 дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти назаррас дошт. Дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар доираи Анҷумани XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg