БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ИРОДАИ ХАЛҚ АСТ!

АНДЕША. Мо сокинони Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ифтихор аз он дорем, ки ҳамчун инсони бошарафу соҳибватан иродаи худро бо роҳи интихобот ифода менамоем ва аз сатҳи солҳои навадум то имрӯз баланд гардидани сатҳи рушди устувори кишвар ва аз 80% то 27,5% поён фаромадани сатҳи камбизоатии ҷомеа нишонаи дурустии ирода ҳар яки мо дар интихоботҳои гузашта мебошад. Яъне мо тавонистем то имрӯз бо иштироки фаъолонаамон дар интихоботҳо ҷиҳати мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми назаррас гузорем.

Чун сухан дар бораи тақвияти минбаъдаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ аз роҳи интихоботи шаффофу демократӣ дар кишвар меравад, гурӯҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни вохӯрӣ бо сокинон бо боварии комил ва маълумоти саҳҳеҳ дар бораи нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин самт суханронӣ карда истодаанд. Пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки воқеан, ҲХДТ худ ҳизби зодаи даврони Истиқлолият мебошад. Таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо ва фитнаву иғвои ҳангомаҷӯёну бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолият дар хатар ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Маҳз дар чунин марҳилае, ки ҷомеа ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор гардида буд, ташкили нерӯи сиёсие барои ислоҳи чунин вазъ лозим омад. Яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда ва зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи солими сиёсӣ табдил ёфта, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед бахшид.

 ҲХДТ ба халқ такя кард ва бо роҳандозии барномаҳои мукаммал тавонист нерӯи тавонои халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намояд. Муваффақияти мо дар ин самт аз он иборат аст, ки бо ташкили аксияву чорабиниҳо, истифодаи васеъ аз васоити ахбори омма, вохӯрии мустақим бо сокинон ва дигар тадбирҳо тавонистем ҳузури доимии худро дар миёни халқ таъмин созем. Самти дигар, ин ташаккули афкори ҷомеа дар роҳи шинохти моҳияти давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин росто бо тарғиби таърихи кӯҳан, қадршиносӣ аз шахсиятҳои бузурги миллат, эҳёи суннатҳои аждодӣ ва бедор гаштани ҳисси худшиносии миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Самти сеюм, ин сафарбар намудани нерӯи бузурги халқи меҳнатқарини тоҷик ба ободонии Ватан ва ташаккул додани тафаккуру завқи баланди созандагӣ ба ҳисоб мерафт. Рушди рӯзафзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз он ҷумла шаҳри Кӯлоб гувоҳи муваффақият дар ин самт аст. Дар ин миён аз самтҳои соҳавӣ низ метавон ном бурд, ки дастовардҳои ҲХДТ дар ин ҷода беназиранд ва нақшаҳои минбаъдаамон дар ин самтҳо дар Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 батафсил дарҷ ёфтаанд. Дар маҷмуъ, ҳар се омил аз роҳи ифодаи иродаи мардум дар интихоботи шаффофу демократӣ ва овоз додан ба ҲХДТ ва номзадҳои он ба суботи сиёсӣ, рушди андешаи миллӣ ва созандагиву ободонии Ватан мусоидат намуда, ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузоштанд.

Саҳми мо дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ин пеш аз ҳама ватандӯстӣ, ҳимояи шаъну шарафи давлат, фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи дурусти фарзандон, асолатмандӣ, дурӣ аз тақлиду бегонапарастӣ, анҷом додани амалҳои бунёдкорона ва амсоли инҳо мебошад. Айни замон, ки дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, бо назардошти маъракаҳои муҳимми сиёсии дарпешистода бояд дар ҳифзи Истиқлолият бештар кӯшиш намоем. Зеро мутаасифона, то ҳануз ҳастанд гурӯҳҳое, ки тоби дидани ваҳдату суботи миллати тоҷикро надоранд ва дастовардҳои бузурги солҳои соҳибистиқлолиамонро ба ҳар роҳу восита мехоҳанд хурд нишон диҳанд.

Маҳз дар чунин шароит вазифаи мо ҳизбиён ва фаъолони ҷомеа аз он иборат аст, ки ба ин гурӯҳи фиребхӯрда роҳи дурусти зиндагии шоистаро нишон диҳем ва асолати ватандӯстиро дар вуҷудашон бедор созем. Дар ин шароити пурташаннуҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ вақти он аст, ки тамоми табақаҳои ҷомеа садоқати баланди худро ба миллату давлат собит созанд ва бо ҷилавгирӣ аз зоҳирпарастиву бегонаманишӣ ояндаи ободу осудаи фарзандони худро таъмин намоянд. Ба ин хотир, дар шароити муосири геополитикӣ муҳимтарин иқдоми мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ин иштироки фаъолона дар интихобот ва ифодаи иродаи созандаи худ мебошад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем дилпурона ба сӯи ояндаи босаодати худу фарзандонамон қадам гузошта, пояҳои истиқлолияти давлатиро тақвият бахшем.

Ба андешаи мо, дар марҳилаи навбатии амалигардонии Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 вазифаи аҳли ҷомеа, хусусан, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ростои таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ аз он иборат аст, ки:

 

  • Манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузошта, ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлолро бештар намоем;
  • Сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату ҳукуматро тарғиб карда, дар зеҳни ҳар як сокини кишвар ҳисси инсондӯстӣ ва донистани аҳамият ва қадру манзалати Сулҳу Ваҳдатро тарбия созем;
  • Ҷомеаро аз хатарҳои муосири геополитикӣ аз роҳи таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмиллалӣ, бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва пайдоиши нишонаҳои марҳилаи навини “ҷанги сард” пурра огоҳ гардонем;
  • Амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалиро тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош варзем;
  • Кӯшишҳои давлату ҳукуматро дар мавриди даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегӣ ба мардум шарҳ диҳем ва ҷомеаро дар самти расидан ба ин ҳадафҳо муттаҳид гардонем;
  • Дар ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандон дар хона ва баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ дар муомила муносибат ва рафтору гуфтор саҳмгузор бошем;
  • Ҳисси ифтихор аз ҷашну оинҳои миллиро ташаккул диҳем.

Биёед барои ободии ин Ватану сарсабзии ин сарзамин софдилона хизмат намоем,

Биёед барои ояндаи дурахшони миллат масъулияти баланди шаҳрвандӣ эҳсос намоем,

Биёед барои рушди кишвари озоду соҳибистиқлоламон санаи 1-уми марти соли 2020 дар интихобот фаъолона иштирок намоем.

Ҳамидиён Орзу Зубайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №6.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg