БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и вилоятӣ” бо иштироки интихобкунандагон ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи  интихоботии  якмандатии Кӯлоб №37  Шарифҷон Ҳакимзода  мулоқот доир карда шуд.

 Дар кори маҷлис номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи  интихоботии  якмандатии Кӯлоб №37  Шарифҷон Ҳакимзода, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин   иштирок  ва баромад намуданд.

 Муовини Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин  чорабинро ҳусни ифтитоҳ бахшида баён дошт,  ки масъулини ҳизб  баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати садоқатмандона намуда, бо ташкили ситоди пешазинтихоботии ҳизб барои расидан ба арзу муроҷиатҳои халқ фаъолият бурда истодааст. Ҳамзамон шурӯъ аз санаи 11-уми феврал вохӯриву мулоқотҳои номзад  аз ҲХДТ Шарифҷон Ҳакимзода бо сокинон сурат гирифта истодааст.

Дар идома шахсони боэътимоди номзад  зиндагинома ва Барномаи пешазинтихоботии номзадҳоро бо аҳли нишаст шинос намуданд. Зикр шуд, ки номзадҳо ҳама аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар пиёда сохтани ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳмгузор хоҳанд буд.
             

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg