АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбиаш (10.12-1994) фаъолона ба арсаи сиёсат ворид шудааст. ҲХДТ зодаи замони Истиқлолияти Тоҷикистон буда, ифодагари ниёзҳои мардум, ҳамчун ҳизби созанда, бунёдкор, воқеан ҳам мардумӣ, ифодагару бунёдгари иродаи халқ, муаррифгари Тоҷикистони азиз, пуштибони халқу фарҳанги миллӣ... рӯи кор омадааст.
Ҳамчун ҳизби ғолиб дар Маҷлиси Олӣ аксарият намояяндагонро ташкил дода, Барномаи ҲХДТ ба сифати барномаи амали Ҳукумату давлат пазируфта шудааст.
Таҳти шиорҳои “Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон” “Барои ваҳдат, рушди босуботи иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ва ҳам акнун зери шиори “Барномаи пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” амал намуда, Тоҷикистонро ба фатҳи қуллаҳои умед бурда истодааст, ки ин боиси дастгирист.
Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси Олӣ ҳамчун фишанги боэътимод дар қабул ва амалигардонии қонунҳо саҳми арзанда дорад.
Ҳадафҳои Стратегии ҲХДТ, таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушду таҳкими низоми демократӣ ва тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
ҲХДТ дар асоси ғояҳои воқеан санҷидашудаи созанда ва бунёдкорона фаъолият дорад, ки ҷавҳари онро мардумсолорӣ, бо халқ будан ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ташкил медиҳад.
Таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик давраи шукуфоӣ ва пешрафт, баланд гардидани нуфузу эътибори ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими андешаҳои ватандӯстӣ, давлатмеҳварӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, гиромидошти оину суннатҳои мардумӣ ва бузургдошти рӯйдодҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро аз сар гузаронида истодааст.
Бо назардошт ва татбиқи барномаҳои ҲХДТ ҳамасола даромади пулии аҳолӣ афзуда истодааст. Низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.
ХҲДТ сарпарастии ғоявии сохтмонҳои азимро ба ӯҳда дорад, аз ҷумла НБО “Роғун”-ро.
Ба кор даромадани ду чархаи НБО “Роғун” дастоварди бузурги таърихӣ ва амалишавии ормонҳои халқи тоҷик буд.
Дар даҳ соли охир беш аз 1300 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ба истифода дода шуданд.
Дар як муддати кӯтоҳ истихроҷи ангишт афзун гардонида шуда, даҳҳо корхонаҳои хурду бузург ба кор дароварда шуданд.
Соҳаи кишоварзӣ низ рушд намуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзуда истодааст.
Дар 28 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор гектар зиёд шудааст.
Дар назар дошта шудааст, ки вазъи иҷтимоии 30 ҳазор нафақагир дар соли 2020 беҳтар мегардад.
Аз 1-уми сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақаи шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шуда, стипендияи донишҷӯён 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Тӯли 25 соли фаъолияти ҲХДТ ҳамчун ҳомии ҷавонон ба воситаи стипендия ва квотаи Президентии “Дурахшандагон” имкон фароҳам овард, ки садҳо донишҷӯён дар хориҷи кишвар таҳсили илм намоянд.
Таҳти сарварии Пешвои муаззами халқ ва Раиси ҲХДТ амалан аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада дар асоси таҷдид ва бунёди шоҳроҳҳо бо гушаҳои олам пайваст шудааст.
Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Оби гарм – Нуробод, шоҳроҳҳои Ваҳдат-Қарамиқ (Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаи Хумб-Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук-Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Кокул бо 18 км роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ роҳҳои Душанбе-Бохтар, Хуҷанд-Исфара, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб-Мӯъминобод таҷдид карда шуда ба истифода дода мешаванд.
Таҳти сарварии ҲХДТ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир 1450 км роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шудаанд.
Чунин пешрафтро халқи тоҷик ҳатто тасаввур карда наметавонист. Дар ду се сол барои 6200 толибилм ҷои таҳсил аз ҷониби як узви ҲХДТ лоиқи таҳсин аст.
Соли гузашта аъзои ҲХДТ, соҳибкорони муваффақ, бо маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ 32 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо қариб 10 ҳазор ҷои нишаст бунёд намуданд.
Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешаванд.
Акнун худатон қазоват кунед, ки ҲХДТ ба мо чӣ дод ва барои чӣ ба ҷонибдории у ва намояндагонаш овоз медиҳам?
РАҲМОНЗОДА ФАЙЗИДДИН НАСРУЛЛО, номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи интихоботии №18.