АНДЕША. Шоистаи ифтихору хушнудии мост, ки сафи ҳизбиён рўз то рўз афзоиш меёбад. Фоизи назарраси сафи ҳизбиёнро имрўз занон ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаҳо гувоҳи аз он медиҳанд, ки ҳизб имрўз дар дилу дидаи мардум сахт ҷойгир аст. Ҳизбиён тамоми кўшиш ва ғайрати худро барои баланд намудани сатҳи зиндагии мардум, самимияти шаҳрвандон, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон аст. Дар Анҷумане, ки моҳи декабри соли 2019 баргузор гардид, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбӣ ояндасоз аст ва барои вусъат бахшидани кор дар тамоми самтҳои ҳаёти кишвар ва барои таъмини рушди иқтисодӣ миллӣ кушиш намуда истодааст». Барои ман бори аввал ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон аз ҳавзаи интихоботии №27 аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбари гардиданам, мояи ифтихор ва сарбаланди мебошад. Суханҳои пурҳикмати Раиси мазами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани баргузоргардида ба мавзўъҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар бахшида шуда буд, мо мутахассисони соҳаҳои гуногунро баҳри созандагию бунёдкорӣ, муҳаббати беҳамто ба Ватан, ҳушёру зирак будан ва иштироки фаъолона доштан дар чорабиниҳои сиёсӣ ҳидоят менамояд.
Мо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонибдори карда, мефахрем. Обрўю нуфузи ин ҳизби воқеан халқию мардумӣ хизматҳои шабонарўзии сиёсатмадори маъруфи асри ХХ1, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми манфиатҳои миллӣ ва ҷамъиятиро ҷонибдори менамояд. Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоти сиёсӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ба нерўи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад.
Мо ҳизбиён дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои ҳифзи истиқлолият, ваҳдату суботи кишвар ва рушди давлатдории миллии тоҷикон саҳми худро мегузорем ва барои татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон камари ҳиммат мебандем.
Шеров Абдураҳим–номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.