БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ХУД БА ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲАМ!

     АНДЕША. Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон орзую омоли халқи мо ифода ёфтааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовори худро дошта бошанд.

     Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар тасмим гирифтааст, ки дар иҷрои ҳадафҳои Стратегии давлат пешсаф ва саҳмгузор бошад.

     Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромаду мулоқоташон таъкид менамояд, ки ҳизби мо ҳизби мардумист, ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, иҷрои масъалаҳои ба миёнгузоштаи онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо ва робита бо мардумро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо донистаанд.

     Яке аз ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешгирӣ аз омилҳои хатарноки таъсиррасон ба мафкураи миллии ҷавонон мебошад. Бояд гуфт, ки сафи ҳизб аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ва ояндасоз мунтазам меафзояд. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононро нерўи созанда, боэътимод ва сармояи пойдории инсонӣ мешуморад ва ба онҳо такя мекунад. Ҷавонони имрўзаи кишвар бо эҳсоси худогоҳиву хештаншиносӣ, ватандўстӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои бунёди дар партави ғояҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардидаанд.

 

Ҷурақулова Муродгул–номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg