БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН БА ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲАМ!

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбӣ бонуфузтарини сиёсии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар лаҳзаи ниҳоят ҳассоси даврони аввали соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфт ва дар як муддати кўтоҳ дар фазои сиёсии ҷомеа ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои халқро бо Барномаву Оинномааш ҳадафи аслии хеш қарор дод. Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон орзую омоли халқи тоҷик ифода ёфтааст, ки ҳаёти мўътадили ҷамъиятро таъмин менамояд.

     Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро хуб ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор дошта бошанд.

     Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободиву созандагии кишвари азизамон кўшиш намуда истодааст. Мо ҷонибдорони ин ҳизб низ кўшиш ба харҷ медиҳем, ки боз ҳам баҳри ободиву шукуфоии кишвари маҳбубамон дар оянда саҳми арзандаи хешро гузошта, насли наврасро дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносии миллӣ тарбия намоем.

     Қобили қайд аст, ки мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерў ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад, ки ман низ ин ҳадафро дастгири намуда, барои ояндаи неки фаъолияти ҳизб ва умуман барои Ватани азизамон саъю талош менамоям.

 

Холиқова Гулчеҳра–номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg