АНДЕША. Нахуст месазад қайд намоем, ки ҷомеа дар роҳи ватансозӣ ҳамеша ба маҷмуи андешаҳои созандаву ба сўи пешрафт таҳрикдиҳанда эҳтиёҷ дорад. Барномаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин маҷмўи андешаҳои пешбаранда Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад, ки роҳи моро ба сўи ватансозӣ пайваста равшан мегардонад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбараш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизби ободкор, бунёдкор ва созанда мебошад.
Ҳизб дар солҳои аввали таъсисёбӣ баҳри оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ миёни мардум кор бурд ва ба ин ҳадафҳо ноил гашт.
Бо талошҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёди як қатор нерўгоҳҳо ба нақша гирифта шуда буд. Сохтмони нерўгоҳи барқии обии Роғун оғоз шуда, зина ба зина агрегатҳои он мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Имрўзҳо бо шарофати сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми минтақаҳои кишвар муассисаҳои таълимӣ чӣ олӣ бошад ва чӣ миёнаи замонавӣ қомат афрохта, устодону омўзгорон ва донишҷуёну хонандагон бо шароити хуби муосир фаро гирифта шудаанд.
Мо зиёиёни Ҷумҳурӣ пайрави Пешвои миллати худ буда, сиёсати пешгирифтаи ўро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Сидиқова Маҳфуза–номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Хуросон.