БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ ВА ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМИСТ!

АНДЕША. Дар ривоятҳо омадааст, ки Шоҳ-сояи Худо дар рӯи замин аст. Ин фармударо гаштаю баргашта фикр кардам ба фаъолияти Пешвои миллат Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон муқоиса кардам воқеан ӯ шахсиятест аз ҷониби Худованд барои мо фиристода. Ва тани танҳо тавонист  соябони мардуми тоҷик гардад. Халқро аз мушкилии ба сарашон омада раҳо созад.

Ӯ аз рӯзи аввали фаъолият халқро ба зиндагии арзанда дилгарм сохт. Замони Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, соҳибмансабон тарки мансабу вазифа карда буданд. Ҳеҷ кас дар он ҳолат кор кардан намехостанд, курсиҳо ҳама холӣ буданд. Мардум  нони хурдан, либоси пушидан, боварӣ ба якдигар ба ҳамсоя, ҳамсинф, ҳамсабақ, ба ёру дӯстон, ба ҳукумату давлат, ба ояндаи осоишта, ва ба будану мондани давлати Тоҷикистон бовари надоштанд. Дигар зани тоҷик дар бораи захираи зимистона фикр намекард. Фарзандон орзуи хондану донишҷӯ шуданро аз сар дур карда буданд. Духтарон ва писарони ба балоғат расида дар фикри тӯи арусию домодӣ ва ба бар кардани куртаи арусӣву ҷомаи домодӣ набуданд. Ҳама пиру ҷавон, марду зан ҳатто кӯдакон ғамзада буданд. Ҳамарӯза садои нолаи ҷонкоҳи модарон барои марги писари ғуррамаргаш  аз ҳар гушаи деҳу деҳкада ва  шаҳр баланд  ба гӯш мерасид. Он солҳо ман  донишҷӯ будам ва дар курси дуюм таҳсил мекардам. Аз деҳот дар шаҳр мехондам ин ҳамаро ба чашми сар медидам. Дар он солҳои бесарусомонӣ мардум пиёда, дар болои камаз, тилечкаҳо  савор мешуданд. Аз хару асп барои дигар деҳа рафтан истифода мекарданд. Дар  он замон молу говдорӣ ҳам қариб аз байн рафта буд, чункӣ нигоҳубин кардани он душвор буд. Ҳатто дилат намешуд ба саги вафодори хонаат нони ба серӣ диҳӣ.

 Аз ёдам намеравад интихоби Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳуми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон. Ҷасурона баромад кардани ӯ ва ба зиндагӣ дилгарм сохтани мардумуми тоҷик, ки хеле ҷавон буд он вақтҳо. Ва дар ин росто  устод Низом Қосим хеле барҳақ фармудаанд:

         Бишуд чун ҳоли кишвар танг, бо рӯи кушод омад,

         Барои родмардиро намудан марди род омад.

         Зи хуршеди нигоҳаш абри навмедӣ ба бод омад,

         Зи сомон ҷустанаш он рафта Сомонӣ ба ёд омад.

        Ҷавонмардона барпо хест ӯву азми майдон кард,

        Алайҳӣ нохудогоҳии  халқи хеш исён кард.

        Сипар худро барои ҷисму ҷони Тоҷикистон кард,

        Гузашт аз тирборону Ватанро меҳрборон кард.

    Эмомалӣ Раҳмон бо омадани худ ба сари давлат ба Тоҷикистон баракат овард. Ҳама ҷо серию пури шуд. Дигар модари тоҷик, зани тоҷик нони ҷуворӣ намепухт ва нони ҷавиро бо азоб омода намекард. Мағозаҳо пур аз нонҳои гуногун, бозорҳо пур аз орд  гардид. Боварӣ ва умеди халқро тавонист  ба тинҷию амонӣ, ба ёру ҷура, ба ҳамсоя ба ҳама ба миён биёрад. Пешвои мо бо омадани худ ба ҳар як хонадон хурсандӣ овард. Дастурхони мардум пур аз нозу неъмат гардид. Ҳама мушкилотҳо аз байн рафтанд. Имрӯз дар ҳар хонадон аз як то ду мошини сабукрав тамғаҳои гуногун меистад. Мардум аз хушбахтӣ сухан мекарданд, ки ин хушбахтиро ба мо Эмомалӣ Раҳмон овард:

       Васфи  ӯро  менамоям, чункӣ  ӯ  арзанда  аст,

       Решаҳои  кинаро  аз  хоки  дилҳо  кандааст.

       Хизмати шоистае бар халқу миллат кард ӯ,

       Мардумашро соҳиби бахту саодат кард ӯ. (Саломуддини Раҳим).

 

Ман имрӯз чун як нафар шахси зиёи аз Президенти худ ифтихор дорам аз зиндагӣ, аз тинҷу амонии кишварам, аз ободию созандагиҳои ватанам меболам. Хушбахтам ва шукргузорам, ки чунин Шоҳи Одил, худодод нисбати халқаш дилсӯзу ғамхор ба мо офаридгор  ато фармудааст.

 Ман имрӯз чун модар бо дили пур захираи зимистон мекунам, барои туйи домодию арусии писару духтарам либоси домодӣ ва чодари арӯсӣ омода месозам. Наберагон зери тинҷию амонӣ бо хандаи тифлона даврони тифлӣ меронанд. Ҳар бегоҳ сари дастурхони пурнозу неъмат ҳама ҷамъ меоем.

  Қариб ҳамарӯза аз шабакаҳои интернетӣ баромадҳои мухолифини ҳукуматро дар барномаҳои алоҳидаи сохтаашон «Имрӯз, Ислон-ТВ,  Паём-ТВ  ва суҳбатҳои алоҳидае, худашон худсарона ташкил мекунанд» мебинам. Баромадҳояшон танҳо иғво андохтан, мансабпарастӣ, бахилӣ асту бас. Ягон суханашон маънӣ надорад ҳама пучу сафсатаи холӣ. Мақсади онҳо ба даст овардани мансаб ва амалӣ намудани ниятҳои нопокашон  мебошад. Барномаҳои худро бо  истифода аз суханони дини мубини Ислом оғоз мекунанду баъдан ба  ғайбату сиёҳкунӣ, туҳмат задан мегузаранд. Ҳол он ки дини мубини ислом ғайбат ва туҳмати ноҳақро гуноҳи азим меҳисобад. Инҳо  ба ақидаи худашон «равшанфикрон»  дини мубини исломро василаи амалисозии манфиатҳои манфуронаи худ қарор додааанд. Мехоҳанд бо истифода аз ин амалашон ақидаи мардумро дигар намоянд ва  мақсади нопоки  худро ҷорӣ намоянд. Аммо одами босавод, бофаҳм агар ҳамаи суханони онҳоро аҳамият диҳад гайр аз ғарази нопок, бадбинӣ, туҳмату буҳтон чизе нест. Гуфтаҳои онҳо ҳеҷ асос надорад. Масалан хабар мехонанд: «шахси ин хабарро  ба мо гуфту аз гуфтани номаш худдорӣ кард». Ин далели овардаи онҳо хандаовар аст. Айб аст аз давлати хориҷа истода Ватани худро танқид мекунӣ. Буданд одамоне, ки бо айби худ аз Ватан баромада рафта паноҳандаи дигар давлат шуданд. Аз дур дар ҳақи  Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари давлат ва фарзандонашон чӣ туҳматҳо мебофтанду мегуфтанд. Аммо вақте Ҳукумати Тоҷикистон ва Роҳбари давлат онҳоро дар асоси Авфи Тиллои  бахшид,  суханонашон дигар шуд, ва тариқи интернет баромад карда чунин суханонро ба забон оварданд:«Ман  як дарахти хушки  сари роҳи деҳаамро, Ватани азизам Тоҷикистонро ба сад давлати пешрафта иваз намекунам» модом, ки чунин бошад чӣ даркор аст сиёҳ кардани давлати худ. Танҳо марди ҳақиқи метавонад чунин ашхосро бахшад. Ин ҷавонмардиро Пешвои муззами миллат  карда тавонист. Воқеан Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти бузург аст ва дили бузург дорад. Ӯ ба ин бузургии худ тавонист Тоҷикистони ба хун оғуштаро, ки аз байн мерафт раҳо созад. Ва тоҷике, ки номи гурезаро гирифта буд ба кулбаи бобои ба хонаи худашон баргардонад. Ӯ тавонист дастурхонеро,  ки  бо касофати ҷанги бародаркуш  холӣ гашта буд, пурнозу неъмат гардонад. Аз баракаташ ҳар як хонадон пур аз ганҷ аст, пур аз файз аст!.

Пешвои миллати тоҷик тавонист  бори дигар тоҷикро соҳиби Ватан, Парчам, Нишон, Марз, Армияи миллӣ, Забон, Фарҳанг ва дар арсаи ҷаҳони соҳиби қадр намояд. Ва ба шахсиятҳое, ки дар гузашта барои миллати тоҷик хизмат кардаанд номи Қаҳрамонӣ диҳад.

        Ӯ ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва олими барҷаста дарк кард, ки агар хоҳанд давлатро аз байн баранд аввал ба забон, фарҳанг, либоси миллӣ ва маданияти он давлат таъсир мерасонанд. Барои ин мақоми забони давлатиро дар сатҳи аввал гузошт. Аз минбари баланди СММ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуд. Ба ҷаҳониён маълум сохт, ки забоне бо номи забони тоҷики аст ва давлате бо номи Тоҷикистон. Имрӯз баъзе миллату халқиятҳои дигар забони моро меомӯзанд ва ба он гуфтугӯ мекунанд. Ин фахри мост ва ифтихори мардуми тоҷик аст. Ба хотири шинохти тахрихи тоҷикон ва милллати тоҷик чандин пешниҳодҳо дар  СММ, Юнеско    намудааст, ки аз тарафи дигар давлатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ  дастгирии ҳамаҷониба ёфтаанд.  Баъдан  ба модарону хоҳарон таъкид намуд, ки муаррифгари либоси миллии тоҷикӣ, фарҳангӣ худ бошанд. Дар ҳақиқат имрӯз бозору кӯчаҳо пур аз занҳои сатрпуш гаштааст, ки ин ба симои зани тоҷик ба симои давлати мо зебанда нест, чункӣ ин чиз аз фарҳанги мо нест. Ин манзара касро бениҳоят озурда мегардонад ва кас ба худ суол медиҳад: чаро зани тоҷик рӯ ба фарҳанги бегона овардааст?. Ва ба ҷои либоси миллии тоҷикӣ, руймоли тоҷикӣ, тоқии тоҷикӣ, ки ба зани тоҷик зебанда аст худро турбапуш кардааст. Баъзе дар нохунак равшанфикрон аз куҷо дарк мекунанд, ки  хатари ин сатру ҳиҷобпушӣ дар чист? Чункӣ онҳо ватандӯст нестанд, дилашон ба ин миллату давлат, сарзамин ва фарҳанги миллӣ намесузад. Хатари инро шахсе эҳсос  мекунад, ки ин ватанро аз сифр обод сохта, миллатро  дубора соҳиби ин ватану фарҳанг намуд.

Ҳар кореро Сарвари давлати тоҷикон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кардааст  ва мекунад   танҳо барои ободии Тоҷикистон ва зиндагии арзандаи мардум аст.

 Ҷои дигар мухолифин тариқи шабакаҳо худро дилсӯз нишон дода, дар бораи муҳоҷират сухан мекунанд гӯё мардуми муҳоҷир дар азоб бошанд. Муҳоҷирати давлатӣ дар ҳама давру замон буд. Дар даврони Шӯравӣ низ буд. Агар таҳлил намоед ҳатто шаҳрвандони давлатҳои пешрафта низ ба дигар давлатҳо ба муҳоҷират мераванд. Пайғамбарони гузаштаи мо низ ба дигар марзҳо ба ҷойҳои дур ба сафар мерафтанд.

 Давлатдории баъзе кишварҳои пешрафта ва қафонмондаи  ҷаҳонро  ба давлати Тоҷикистон муқоиса намоед. Мебинед, ки мардуми баъзе он давлататҳо чӣ хел дар азобанд ва бинед, ки  чӣ гуна Роҳбари давлати мо барои хушбахтию осудагии халқу ватанаш чи қадар заҳмат мекашад, ба дигар давлатҳо сафари корӣ анҷом медиҳад.

Шукрона бояд кард, ки чунин Шоҳи одил, дурандеш, дилсӯзи халқаш, олим, ориф насиби мо гаштааст. Ва имрӯз мо тинҷу ором дар хонадони худ зиндагӣ бо истифода аз амни давлат  кору фаъолият менамоем. Нодида  гирифтани заҳмату ҷонфидоии ин марди Худо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ношукр будани он носипосист. Тарафдорони  шабакаҳои интернетӣ барномаҳои Имрӯз, Ислон ТВ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон, Паймони миллӣ ва дигар бадхоҳони миллати тоҷик, ки   хизматҳои арзандаи Пешвои миллат дар роҳи сулҳу ваҳдат, ватандорӣ, шинохти мардуми тоҷик, таърих, осуда будани халқ нодида мегиранд, ин  ношукрбандаҳоро кӯр месозад.

            Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷони миллат, армони миллат, ганҷи миллат, роҳнамои миллат аст. Ҳар як амри ӯ воҷиб аст. Шахсе, ки амри чунин Шоҳи одилро  иҷро намекунад ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ баракат намеёбад.    

            Бигзор ин Марди Худо чун сояи Худост ҳазорсолаҳо болои мардуми тоҷик чун соябону подшоҳ бимонад

                                                                                      

Сатторова Меҳрубон Фармоновна, Муовини директор оид ба тарбия дар

Мактаби Президентии ноҳияи Кӯшониён, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg