БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРӮЕ, КИ БА ЭЪТИРОФИ УМУМ ШАРАФЁБ ШУДААСТ, ҲХДТ МЕБОШАД!

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола роҳи рушди устуворро тай менамояд, ки умуман расидан ба зиндагии шоиста дар назар дошта шудааст.

       Барои  ман ҳамчун аъзои ҲХДТ боиси ифтихор ва сарфарозӣ буд, ки дар Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хамчун номзади вакили халқ аз шаҳри Кўлоб, ки бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намоям.

Дар баромади пурмуҳтавои Раиси муаззами ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегии худ дар панҷ соли охир ҷиҳати ноил шудан ба афзалиятҳои дар стратегияву барномаҳои давлатӣ пешбини шуда қадамҳои устувору созанда гузошт, ки дар ин пешравиҳо саҳми ҳизбиён низ назаррас мебошад.

Дар  маърӯзаи ҳисоботӣ доир ба рӯйдодҳои дорои аҳамияти байнамилалӣ–ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки бо ҳамрадифи 177 мамлакати узви СММ пешниҳод  шуда  якдилона қабул гардид ва 22 марти соли 2018 расман оғоз гардид, рӯйдоди дигари таърихию нодир барои ҳамаи тоҷикону точикистониён,  ки онро солҳо боз миллати тоҷик орзу мекард, ба истифода додани нахуст чарха ва чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки ин рӯйдоди арзишманд созандагиву бунёдкории халқи Тоҷикистонро  бо  ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар тамоми олам маълуму машҳур карданд.  

Дастоварди дигар барқарорсозии муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон, ки он орзуи деринтизори ду миллати ба ҳам дӯсту ҳамсоя мебошад, ки дар муносибатҳои байни давлатӣ саҳифаҳои нави таърихӣ дониста шуданд.

Тўли кӯтоҳи 25-солаи худ ҲХДТ дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо тавонист, ки ба дилу дидаи мардум роҳ ёфта, мардумро  дар равандҳои ватансозӣ, истиқрори сулҳ, тақвияти ваҳдати миллӣ, созандагиву  бунёдкорӣ ва ҳалли ҳадафҳои стратегии оқилона роҳнамоӣ намояд.  Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон масъулияти ба  душ доштаашро  дар назди халқу Ватан бо сарварии Раиси муаззами ҳизб,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро карда, заминаҳои густариши демократия ва гуногун андеширо дар ҷомеа мустаҳкам намуда, чун ҳизби созанда ба эътирофи умум шарафёб шудааст.

Дар  ҳисоботи Анҷуман оид ба фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоҳои ҳизбӣ оид ба  беҳтар намудани фаъолияти кори ташкилотҳои ҳизбӣ, аъзоёни ҳизб,  сифати қабул ба сафи ҳизб, ҷалби сокинони кишвар ба корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳо пешниҳод гардида, умуман самтҳои фаъолияти минбаъдаи ҳизб муайян гардиданд.

Бо боварии комил арзёбӣ кардан ҷоизаст, ки минбаъд  низ ҳамаи сохторҳои ҲХДТ дар маҳалҳо, шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа бо нишон додани ҳамраъйии комили миллӣ ва ҳизбӣ  дар татбиқи ҳадафҳои олии оинномавӣ ва барномавии ҳизб муваффакиятҳоро нигоҳ дошта, фаъолияти созандаи худро  ба василаи таҳкими истиклолияти давлатӣ, сулҳу суботи сартосарӣ, ҳамдигарфаҳмию пешрафт ва таҷлили ормонҳои  демократии ҷомеа табдил хоҳҳад  дод.

 

Комилзода Ҷалолиддин Алӣ, номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кўлоб.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg