БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: РОҲ БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

АНДЕША. Сарфарозем, ки  мо соҳиби мустақилият ҳастем, Президенти кишвар, Сарвари фархундасоз барои мо ҷавонон ғамхориҳои зиёд изҳор менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки  ҷавобан ба  ин ғамхории ворисони арзандаи  паҳлавонону мутафаккирони аҷдодони хеш мегардем ва бо заковату матонати мардонагии хеш руҳияи бадхоҳони миллатро шикаст дода, баҳри тарақиёт ва рушди кишвар  беихтиёр тамоми қувваи худро сарф хоҳем намуд.

        Мардуми  шарифи  Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории  давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани  азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарон ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон доранд.

        Дар айни замон, дар низоми сиёсии давлатдорӣ Барнома ва Стратегияҳои қабулшуда, чун ҳуҷҷати расмӣ ва ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, буда қутбнамои  ҳаракати устувори  ҷомеаи мо  ба сӯи ояндаи  дурахшон мебошад.

        Дар ин росто барои иттиҳоди нерӯҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар  заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият , таъмини ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва баҳри  дар амал татбиқ сохтани  ин ҳадафҳо дар ҷумҳурӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амал мекунад.

        Ҳизб дастовардҳои  афкори пешқадами ҷамъиятиро эҷодкорона тадбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат бо дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихи ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби диннӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), тераризми сиёсӣ ва динниро қатъиян мамҳкум намуда,  худшиносӣ ва ватанпарастиро  асоси фаъолияташ мешуморад.

        Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради  олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи  аҳлоқи ва маънавиёти баланди аъзои  худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро  ба амали гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин оид ба таҳкими истиқлолияти сиёёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нарӯи фардосоз дар ҷомеаи навини кишвар нақш ва мақоми хосса дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён медоранд, омили маҳбубият пайдо кардани  ҳизб дар он аст, ки  ҳадафҳои  Оиномавию Барномавиаш барои беҳдошти  мафкураи сиёсӣ нигаронида шуда, аз умқи дили аҳли ҷомеа огоҳ аст. Имрӯз теъдоди  аъзои ҳизб ба сарҳади 500 ҳазор расида, хушбахтона, дар сафҳои он олимон, зиёиён ва шахсиятҳои варзидаро, ки тӯдакаши ҷамъият мебошанд, хеле зиёданд. Шукуҳ ва шаҳомати  ҳизб ва муҳабату ихлос  ба он зимни баргузории Анҷумани  13-уми ҲХДТ, ки дар доираи таҷлили  таъсисёбии 25-солагии ҳизб доир гардид, бори дигар  равшан гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Т оҷикистон  бо дастгирии  мардуми шарифи кишвар ва таҳти  сарварии  хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи  ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи  арзишмандтарин хостаҳои миллӣ , аз ҷумла  рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи  чор ҳадафи тақдирсози  стратегии давлат, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи  сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони  иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила  таъмин намудани зиндагии шоистаи  аҳолӣ бо қадамҳои  устувор пеш меравад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, зимни баромадҳои пайвастаи хеш Сарвари  давлат  вазифагӯзорӣ менамояд, ки “Мо  бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи  манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи  имконияту захираҳои  мавҷуда  ва дарёфти  сарчашмаҳои нави рушди  иқтисодӣ , баланд бардоштани қобилияти  рақобати  истеҳсолоти  ватанӣ ва татбиқи  техналогияҳои  инноватсионӣ кӯшиш намоем”.

Бо ин мақсад дар кишвар заминаҳои мусоид муҳайё гардида, Стратегияву Барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. Тайи  ду соли  охир татбиқи  “ Стратегияи милли рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои  афзалиятноки  давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати  рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ  асосан иҷро гардида истодаанд.

Расулова Лутфия  Нуралиевна – номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №38.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg