АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд.
Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ҳизб дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳор оэътироф кардааст, инчунин Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.
Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳабҳи моя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Дар боби 1 ва моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ ба тариқи зайл ба амал бароварда шудааст:
- таъсис кардани ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи эътиқоди худ;
- ихтиёран дохил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ бо шарти эътироф намудани оинномаҳои онҳо аз ҷониби дохилшавандагон;
- иштирок кардан дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои онҳо ва тибқи шаклҳои муқарраркардаи оинномаҳои онҳо;
- озодона баромадан аз ҳизбҳоисиёсӣ.
Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд сохт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид. Ҳамзамон таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муттасил рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.
Дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Президенти мамлакат бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, бо талошҳои ҷонсӯзонаю шабонарӯзӣ баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолиятидавлатӣ парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноилгардида истодаанд.
Ба сифати Президенти ҷумҳурӣ ва Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири рушду таҳкими асосҳои демократӣ дар кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон»-ро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолият муайян кард ва аз тамоми қишрҳои ҷомеа даъват ба амал овард, ки зери ин шиор баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеа ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ саъйу талош намоянд. Тавре вақт собит намуд ин ҳидоятҳо дар кишвар натиҷаҳои нек ба бор оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 дар Барномаи пешазинтихоботии худ рушди афзалиятноки саноат, хусусан, саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодӣ, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси салоҳияти касбӣ баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва махсусан, таъмини амнияти озуқавории кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ эълон намуда буд.
Дар давоми ҳафт соли сипаришуда дар баробари иҷро гардидани Барномаи стратегии зикргардида боз даҳҳо нақшаҳои миёнамӯҳлати дигар низ дар ҷумҳурӣ татбиқи худро ёфтанд, ки ин ҳама самараи меҳнату заҳмати шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Сарвари давлат ва Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рӯҳия ва афкори оммаро, бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсияти Президенти ҷумҳурӣ эътироф кунем.
Таҳлили бахшҳои алоҳидаи Барнома, ки ба фаъолияти ҳафтсолаи Президенти мамлакат алоқамандӣ дорад, бори дигар собит менамояд, ки маҳз бо кӯшиш ва талошҳои ватандӯстонаи Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Ватани мо ба қатори кишварҳои дорои иқтисодиёти рӯ ба инкишоф шомил ва хушбахтона, дар ҷомеа ваҳдати миллӣ, суботу амнияти сиёсӣ ва сулҳи сартосарӣ комилан пойдор гардидааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020 зери шиори«Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият, аз ҷумла пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, иштирок дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқаррар намудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош хоҳад кард.
Ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ин ҳадафҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.
- Мо ҷиҳатҳои мусбати таҷрибаи солҳои қаблиро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2015 ва истифодаи дигар имкониятҳои бузурги захиравӣ барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тамоми нерӯи худро равона месозем.
- Таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистонро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» саъю талош менамояд.
- ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди иеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза хоҳад бурд.
- барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амнияти шахсии ҳар як шаҳрванд муқаддас аст. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд аз авлавиятҳои миллӣ ва омили муҳимми рушди устувори ҷомеа, шарти ҳаёти иҷтимоии сазовор ва шоистаи мардум ҳисобида мешавад;
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун асосгузори принсипи дунявият дар кишвар ҳамкориро бо ҳизбу ҳаракатҳои ҳаммонанди сиёсии дохиливу хориҷӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири густариши арзишҳои умуми инсонӣ дар маънавиёти ҷомеа ва бунёди инфрасохтори амнияти ҷамъиятиро аз самтҳои стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ меҳисобад;
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давлатро ҳомии асосии ҳуқуқу озодиҳои динӣ медонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ифротгароии сиёсӣ ва диниро ҳамчун мубориза ба муқобили дин ё поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон намеҳисобад. Ин мубориза ба хотири амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ кардани қурбонсозии фарзандон барои манфиатҳои нерӯҳои беруна мебошад. Аз ин ҷиҳат, ҲХДТ ҳамкории худ ва давлатро бо иттиҳодияҳои динӣ ба хотири таъмини муҳити солими диндорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ амри зарурӣ медонад;
-омили инсонӣ дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ. ҲХДТ барои рушди омили инсонӣ дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ татбиқи барномаҳои афзалиятноки қабулшуда ва таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро барои афзоиши нерӯи инсонӣ дар кишвар, инчунин тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, соҳибиилму маърифат ва донишу ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад.
Аз ин рӯ, баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки дар пешорӯи мо қарор доранд, дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсӣ барои аъзо ва ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои тақдирсоз ва имтиҳони навбатии сиёсӣ маҳсуб меёбад.
Натиҷа ва нишондоди интихоботҳои қаблӣ собит намуданд, ки ҲХДТ нисбат ба дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар дар ҷомеа нуфузи бештар дорад ва ин далели ҳар як ташкилоти ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдоронро муаззаф мегардонад, ки ба ин равандҳо бо дарки баланди масъулият муносибат намуда, ин дастовардҳои ҳизбро боз ҳам таҳким бахшанд.
Бо мақсади омодагӣ ба маъракаҳои сиёсӣ, фаъолияти минбаъдаи худро бо назардошти омилҳо, вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷаҳони муосир, тамоюлҳои интихобкунандагон мувофиқ сохта, онро бо истифода аз роҳу усулҳои технологияи муосири сиёсӣ ба роҳ мемонам.
Ниёзӣ А.М, Директори ДТМИК, номзади илмҳои филолгӣ, дотсент. .