АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи созанда, ваҳдатофар ва ҳимоятгари манфиатҳои халқу миллат буда, зодаи истиқлол аст ва робитаи қавӣ бо халқ дошта, ифодакунандаи ормонҳои мардумӣ аст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш барои зиндагии ободу осудаи мардум, талош намудааст. Дар байни дигар аҳзоби сиёсӣ пешқадам дониста мешавад ва дар амалӣ шудани ҳадаф-мақсадҳои дарпешистодааш ҳамеша кӯшиш мекунад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзиманфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлатӣ демократӣ,ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор додааст.
Ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорост, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст. Дар воқеъ, Барнома ва Стратегияи давлат, меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро дар сафҳои худ муттаҳид намуда, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис дода шуда, барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф фаъолият менамояд. ҲХДТ - ҳизби роҳнамоӣ ҷомеа буда, вазифаҳои ҳар як шаҳрванд, аъзои ҳизбро дар самти пойдории Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва рушди устувори иқтисодӣ сафарбар намуда истодааст. Дар ин ҷода мо фаъолони ҳизб корҳои тарғиботиро дар байни сокинон ҳамарӯза ба роҳ монда, ба солимии ҷомеа диққати ҷиддӣ зоҳир менамоем. Бо гузашти солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯи тавоно ва созандаи ҷомеаи навини кишварамон табдил ёфт, ҳамчун қувваи пешбаранда ва пешоҳангӣ ҷомеа дар доираи татбиқи барномаҳои худ ба таҳкими нерӯи иқтисоди кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зинндагии мардум мусоидат намуда истодааст. Имрӯз ҳар яки мо аъзои хизб дарк намудем, ки аъзои ташкилоти ҳизбӣ будан ин масъулият аст ва мо масъулон ин масъулиятро пурра дарк намуда, дар фаъолияти ҳамарӯзаамон дар доираи имконияту салоҳият барои пешрафти кишварамон дар амал татбиқ намуда истодаем. Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромаду мулоқоташон таъкид менамоянд, ки ҳизби мо ҳизби мардумист, ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, иҷрои масъалаҳои ба миёнгузоштаи онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо ва робита бо мардумро яке аз вазифаҳои асосии мо ҳизбиён дастур доданд. Ҳамаи сохторҳои ҳизб ин дастури Сарвари давлатро роҳнамоӣ фаъолияти худ дониста, шарҳу тавзеҳи дуруст ва саривақтии иқдомоту ташаббусҳои созандаи роҳбарияти мамлакат, ҷиҳати ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ намудани сокинон, робитаро бо мардум тақвият бахшида, бо ин васила обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ҷомеа боз ҳам боло бурда истодаанд. Бо мақсади дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ мо аъзои ҲХДТ омодагии ҷиддӣ дида, барои дар доираи қонун баргузор гардидани интихобот, корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар байни интихобкунандагон роҳандозӣ шуда истодаанд.
Ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи интихобот Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун барномаи амал ба роҳбарӣ гирифта шуда, мо номзадон Барномаҳои пешазинтихоботии худро дар асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳия карда, дар байни интихобкунандагон тарғибу ташвиқӣ онҳо идома намуда истодаем. Бояд гуфт, ки дар Барномаҳои пешазинтихоботии вакилони ҳамаи зинаҳои мақомоти намояндагӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, инчунин дастгирии қишрҳои ниёзмандӣ ҷомеа барои боз ҳам эътибору боварии халқро нисбати ҲХДТ бештар намудан аз шаклу усулҳои муоссири корӣ истифода бурда мешаванд.
Барои ман номзад будан аз ҳисоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳам ифтихор, ҳам шараф ва ҳам номус аст. Дар зарфи ин солҳо, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳазорон бонувонро ба мисли ман тарбия намуд, омӯзонд ба корҳои роҳбарӣ ва сиёсат раҳнамоӣ кард. Маҳз барои ҳамин бовариҳо кӯшиш мекунам, ки дар фаъолияти кориям масъулият дар ҷой аввал бошад.
Мо бонувон аз ин ободиҳо, пешравиҳо ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри боз ҳам ободу зебо намудани Ватани азизамон содиқона хизмат менамоем.
Қурбонова Меҳринигор, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҲХДТ.