КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Абдуллоев Мирвоҳид муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроия бо мушоҳидони миллӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботии ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур мавсуф оид ба пешбарӣ ва бақайдгирии мушоҳидони миллӣ, ваколотҳои мушоҳидони миллӣ ва уҳдадориҳои мушоҳидони миллӣ суханронӣ кард.
Дар охир ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҲХДТ дастрас карда шуд.