БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи  МТМУ №7  вохӯрӣ бо интихобкунандагон  бо иштироки  раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу  баргузор гардид.

Дар кори  маҷлис, номзад аз ҲХДТ ба Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб  №37  Шарифҷон Ҳакимзода  ва шахси боэътимоди номзад иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарраввал шахси боэътимоди номзад  баромад намуда, номзадро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас роҳбарияти Кумитаи иҷроия Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро барои солҳои 2020-2025 баррасӣ намуда, барои иштирокдорони вохӯрӣ шарҳу тавзеҳ дод.

Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 Шарифҷон Ҳакимзода оид ба ваколатҳои вакилии худ дар Парлумони касбӣ ва нақшаҳои дурбинонаи худ назди интихобкунандагон гузориш дод.

Сокинон низ дар рафти мулоқот фаъол буда, оид ба суолҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg