БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР МАЪРАКАИ МУҲИММИ СИЁСӢ ФАЪОЛАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и шаҳри Кӯлоб дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба суҳбату мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон вохӯрии самимӣ доир гардид.

Дар он шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 Шарифҷон Ҳакимзода  шоири халқии Тоҷикистон  Ҳақназар Ғоиб   шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзадро маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки дар асосии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоби вакилон ҲХДТ  такя ба занону бонувон ва ҷавонони фаъол мекунад. Номзадҳои пешбаришудаи Кумитаи иҷроияи шаҳри Кӯлоб шахсони дар ҷомеа соҳиби обрӯю мақом буда, барои иҷроиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва барномаҳои тарҳрезинамудаи худ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу дар фарҷоми ҷаласа аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар қиёс ба чанд соли пешин интихобкунандагон аз мушкилии хонаводагии худ сухан накарда, балки таклифу пешниҳодҳои худро барои ободии маҳал ироа мекунанд. Ҳамчунин қайд намуд, ки ҳадафи ҲХДТ низ таъмини зиндагии орому осоишта ба ҳар як сокини кишвар аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg