БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ШАРИФҶОН ҲАКИМЗОДА БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Шарифҷон Ҳакимзода  аз ҲХДТ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 бо интихобкунандагон вохӯриву мулоқот доир намуд.

Дар ин вохӯрӣ   муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Фирӯзи Саидмуъмин, шоири халқии Тоҷикистон  Ҳақназар  Ғоиб   иштирок ва баромад намуданд.

Ҳамзамон шахсони боэътимоди номзад оид ба шарҳи ҳол, фаъолияти корӣ ва барномаи пешазинтихоботии онҳо маълумот доданд. Сокинони бо номзад шиносшуда, дар бораи кору фаъолият ва шахсияти ӯ маълумот пайдо намуданд. Шарифҷон Ҳакимзода  ба сухан баромада, дар мавриди нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ободониву созандагӣ, осудагиву оромии фазои кишвар изҳори андеша намуда, барномаи пешазинтихоботии хешро, ки дар асоси Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ таҳия гардидааст, муаррифӣ намуд.

Фирӯзи Саидмуъмин ба ҳозирин изҳор дошт, ки рӯзи санаи 1-уми март бо фарҳанги баланди сиёсӣ дар интихоботи вакилони халқ иштирок намуда, ба номзадҳое, ки барномаҳояшон баёнгари ниёзҳои мардум аст, овоз диҳанд.    Ҳамзамон дар мавриди ҳадафу муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg