КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб даври омӯзишии "Аз модар то роҳбар" бо иштироки занони фаъол аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ рафта истодааст.
Нахуст, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ дар мавзӯи "Зан ва сиёсат: ҷанбаҳои меъёрии ҳуқуқӣ" баромад намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи солҳои соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
Президенти мамлакат бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор корҳои назаррасро анҷом доданд. Баробарҳуқуқии мардону занонро Конститутсияи кишвар кафолат дода, баҳри тадбиқи самараноки ин принсипи конститутсионӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки раванди амалишавии онҳо ба пешрафти иҷтимоии занон, устуворшавии мавқеъ ва мақоми онҳо дар ҷомеа такони ҷиддие бахшида истодааст.
Дар охир ба иштирокчиён таъкид карда шуд, ки шумо ҷавондухтарони болаёқати кишвар, захираи кадрӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд дар куҷое, ки зиндагӣ мекунед, ҳамчун сазовори ҳама бовариҳое, ки имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо занон равона кардааст, гардем ва баҳри рушду нумуи кишвари азизамон саҳмгузор бошем.