А.Ҷомӣ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дар доираи эълон шудани соли 2020 “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” дар ташкилотҳои ибтидоии “Каҷкамар”, “Холмуродтеппа” ва “Хоҷақалъа”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ оид ба масъалаҳои дар Барнома овардашуда ҳарф зада, қайд намуданд, ки истифода аз арзишҳои маънавии миллат, арҷ гузоштану эҳтиром намудани забони давлатию муқаддасоти миллӣ, тақвият бахшидани сиёсати давлат дар самти таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳуввияти шаҳрвандӣ ва ҳамчунин дар рушди омили инсонӣ, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муҳим мешуморад.
ҲХДТ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва фазои устувори сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва барои таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои муҳим эътибори ҷиддӣ медиҳад.