БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ВАКИЛОНИ АРЗАНДА МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГИ ШАҲВАНДИСТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 19 -и деҳаи Роҳи Ленини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо иштироки роҳбарияти  Кумитаи иҷроия,  роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ёвон,  номзад ба вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи №29-и  ноҳияи Ёвон, Азимзода Толибхон Ситаммурод ва номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳалллии вакилони халқ  вохӯрӣ бо интихобкунандагон гузаронида шуд.

Дар мулоқоти мазкур Ҳалимов Муҳаммаддовуд дар суханрониаш  бо интихобкунандагон оид ба нишондиҳандаҳо ва амалӣ гардидани нақшаву барномаҳо  ва аз аввали таъсисёбии ҲХДТ ёдовар гардида,  саҳми  ҲХДТ ва Сарвари оқилу хирадманд ва дурандешамонро, ки тӯли солҳои зиёд баҳри халқи тоҷик хизматҳои арзанда карда, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шоистаи мардуми кишварамон саъю талошҳои зиёд намудаанд, суханронӣ кард.  Ҳамзамон мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба  ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 баромад карда, ҳозиринро барои ба таври шаффоф, озод ва демократӣ ташкил намудану гузаронидани интихобот ва иштироки ҳамаи мардум дар ин маъракаи муҳими сиёсию тақдирсози кишвар даъват намуд.  Сипас,  номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимзода Толибхон Ситамурод  суханронӣ намуданд. Шахсони  боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи №29-и  ноҳияи Ёвон шарҳи ҳол ва кору фаъолияти номзадро ба мардум муаррифӣ намуд. Дар охири чорабинӣ  аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ояндаи дурахшони кишвар рӯзи 1 марти соли 2020 ҳама дар интихобот беғаразона иштирок намуда, ба таври шаффофу демократӣ ба ҷонибдории номзадҳои арзандаи худ  овоз диҳанд.             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg