БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ТАЪМИНИ ҲАМГИРОИИ ВАСЕИ БАРНОМАҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ,   расонидани  муҳтавои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ,  дар ташкилотҳои  ибтидоии “Шаҳристон” ва “Ганҷина”-и  ҳудуди Ҷамоати деҳоти  “Иттифоқ” - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони ҳизбӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба масъалаҳои зиёд кардани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ тавассути дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодабарии самараноки заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва бекорхобида, таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва чорвои хушзот бо роҳи дастгирии давлатии корҳои илмиву тадқиқотӣ ва ба ин васила, паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсолоти кишоварзӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъулин дар баромади худ мазмун ва муҳтавои Паёми навбатӣ, аз он ҷумла, омӯхтани забонҳои русиву англисӣ,  омӯзишу ба роҳ мондани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, рӯ овардан ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва ҳамчунин иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа кардани шоҳасари академики тоҷик Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” ба ҳар хонадони кишвар то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҷаҳони муосир хатарҳои терроризму экстремизм, нашъамандӣ, мубориза бар зидди коррупсия  ва маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоботи дарпешистода андешаронӣ карданд.                                                                                                                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg