БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАОРИФ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИҶТИМОИЁТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Фотеҳон»-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо интихобкунандагон  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинии мазкур масъулин қайд карданд, ки Пешвои миллат дар сиёсати пешгирифтаи худ маорифро, ки яке аз рукнҳои меҳварии давлатдорӣ ба шумор меравад, дар мадди аввал мегузоранд. Ин аст, ки муносибати хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳаи маориф аз паёмҳои эшон, ки ҳар сол ба Маҷлиси Олӣ ироа мегарданд, мушоҳида менамоем. Дар тақвияти ин гуфтаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбати пешниҳод карданд, ки солҳои 2020 – 2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg