БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ ОЯНДАИ БОСАОДАТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо Ситоди пешазинтихоботии Кумиҷроияи ҳизби ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Гарди Гулмуроди ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун № 33 ва Ҳасанзода Тағоймурод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни сокинон суҳбату вохӯрӣ ва шиносои бо номзадҳо доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025  ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз тарафи вакил ва шахсони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун суханронӣ карда шуд.

Дар суханронӣ оид ба ироаи Паём Ҳасанзода Тағоймурод баромад намуда, қайд кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамаи самтҳоро дар бар гирифта, барои пешравии илму техника, маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва дигар самтҳо равона гардидааст.

Дар идомаи суҳбат номзад Шарофзода Гавҳар бо мардум дар бораи барномааш ҳарф зада, ҳар як қисми онро шарҳу тавзеҳ дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg