БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо сокинони маҳаллӣ ҳамеша дар иртибот бошем

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва кулли ташкилотҳои ҳизбии қаламрави ноҳия  барои амалӣ кардани сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва кӯшишу ғайраташонро сафарбар карда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки  мутобиқи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло  Қурбоналӣ оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру  ноҳияҳои он, аз ҷониби  роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, дар маҳаллаи Лоҳутӣ  вохӯриву суҳбатхоро бо иштироки қишрҳои гуногуни маҳалла баргузор карда шуд.

Сипас, масъулин дар баробари шарҳу тавзеҳ ва  татбиқи  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба баланд  бардоштани  сатҳи  огоҳии мардум  аз  хатари терроризму  экстремизм ва  самти паст  кардани  сатҳи  бекориву  камбизоатӣ дар  заминаи  рушди соҳибкорию  хоҷагидорӣ  ва корҳои  хонагӣ маълумотҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg