БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФҲОИ ПАЁМ СОЗАНДААНД

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Балхӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо интихобкунандагон  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинии мазкур масъулин қайд карданд, ки Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз дастовардҳои бузургу созанда дар самти рушду нумӯи мамлакат ва таҳкими сулҳу субот, оромии ҷомеа буда, шаҳодат медиҳад, ки миллати сарбаланди тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст.

Дар асоси сиёсати  Президенти мамлакат ҳоло дар тамоми манотиқи кишвар ободонӣ бомаром идома дорад. Дар онҳо саҳми фарзандони бонангу номуси мамлакат, ба вижа, соҳибкорону шахсони саховатпеша, бениҳоят бузург аст. Пешвои миллат ба ин нукта таваҷҷуҳ зоҳир карда, изҳор доштанд: “Бояд  гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шудаанд. Чунин корҳо, ки гувоҳи фаолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мерава ҳоло бо маром идома доранд”.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg