Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсди ба ҳар як сокини ноҳия дастрас намудани нашри махсуси «Ҳамрози халқ», ки Муроҷиатномаи Ситоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сокинони вилоят дар ростои инихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳалли вакилон дар он чоп гардидааст, санаи 26-уми феврал Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳудуди Ҷамоти деҳоти Истиқлол Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Интихоби вакилон изҳоро озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон мебошад» баргузор намуда, нашри махсуси рӯзномаро бо иқдоми даст ба даст ва хона ба хона ба ҳар як сокини Ҷамоат ва ҷавонону наврасон дастрас намуда, аз ҳар як сокин хоҳиш намуданд, ки ҳамчун шаҳрванди озоду масъулиятшинос санаи 1-уми марти соли 2020 дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҲХДТ, ки дар рӯйхати таҳти №7 номнавис шудааст ва номзадҳои арзандаи он овоз диҳанд.