ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроия бо интихобкунандагони ташкилоти ибтидоии “Эшма”-и Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, нухуст бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Сипас, дар ин раванд аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот, ки санаи 1-уми марти соли ҷорӣ доир мегардад, масъулиятноки зоҳир намоем ва ба номзадҳои арзандаи худ овоз диҳем.