БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО ДУРУСТ АСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросони  ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ бо интихобкунандагони ташкилоти ибтидоии “А. Ҷомӣ” ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот масъулин дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он ҳарф зада,  қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Ҳамчунин, нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат шарҳ дода шуда, иброз гардид, ки Паёми Президент пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобарин ҳар як шаҳрванд аз Паём вазифаҳои дахлдори худро гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани он талош варзад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg