БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои ташкилоти ибтидоии “Ситяҳкуртаҳо” –и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг  ба маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода – интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. 

Аъзои ташкилот дар вохӯрие, ки ҷиҳати омӯзиши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он аз тарафи аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ ба аъзои ташкилоти ибтидоӣ ва дигар интихобкунандагон баргузор намуданд, изҳор  доштанд, ки дар рӯзи интихобот ҳама бо дасту дили гарм омада, ояндаи худро интихоб менамоянд.

Чанде аз интихобкунандагон  ба тарафдории ҲХДТ ва номзадҳои он овоз доданашонро шарҳ дода,  қайд намуданд, ки дар Барномаи пешазинтхоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -  2025 рушди кишвар, пешрафту тараққиёти соҳаҳои асосии хоҷагии халқ  ва боз ҳам беҳтару хубтар шудани сатҳу сифати зиндагии худро бараъло мебинанд. Ҳамчунин аъзои ташкилот  аз муҳтавои Паёми Пешвои миллат, ки ба онҳо расонида шуд, изҳори қаноатмандӣ намуда, дар сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид буданашонро баён карданд.

Дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ин рӯз аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоӣ  як нафар сокини деҳа, ки дар беморхона бистарӣ аст, аёдат карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg