МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муминобод бо сокинону фаъолон, ҷавонону занони деҳаи мазкур вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ аъзои Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ доир ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки баҳри ояндаи босуботи кишвар боз ҳам саъю талош варзем ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми арзандаи худро гузорем.
Сипас, масъулин дар рафти суҳбат аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварданд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона иштирок карда, ба номзадҳои худ овоз диҳанд. Дар охир мулоқоти судманд аз ҷониби сокинон якдилона дастгирӣ ёфта, ҳамовозии хешро ба ҲХДТ ва номзадҳои пешбаригардидаи он арзёбӣ карданд.