БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУРИ АМАЛИ КОРИИ ҲАРРӮЗАИ МОСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ ва номзади он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии судманд доир гардид.

Дар мулоқот узви Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод аз нуктаҳои алоҳидаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ёдовар шуда,  қайд кард, ки соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.Ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги имсолаи мо дар соҳаи энергетика ва як қадами устувори дигар дар ҷодаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ба нерӯи барқ ва заминаи мусоид барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Ҳамчунин Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия гардида, муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар панҷ соли оянда пешбинӣ гардидаанд, ба мардум муаррифӣ гардида, бандҳои алоҳидаи он шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дар охир иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифта, фаҳмиши худро дар бораи иштирок дар интихобот пурратар гардониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg