КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Яке аз масъалаҳои асосии ҳизб тарғибу ташвиқи ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон ба шумор меравад, бо ин мақсад кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо интихобкунандагони деҳаи Қизилбайрақ вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки шиори ҲХДТ барои панҷ соли минбаъда “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” мебошад, ки пеш аз ҳама ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саодату пешрафти мардуми сарбаланди кишвар равона гардидааст. Ҳамзамон аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун шаҳрвандони озодаву масъулиятшинос санаи 1-уми марти соли 2020 дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҲХДТ ва номзадҳои арзандаи он овоз диҳед.