КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. ҲХДТ ҳизби даврони нави давлатдории тоҷикон буда, дар фазои сиёсии озод, гуногунандешӣ ва эҳтироми ақидаҳо фаъолият намуда, ҳадафу мақсадҳояшро аз тариқи парлумон амалӣ месозад. Пешрафти фаъолияти он қабл аз ҳама ба татбиқи ормонҳои мардум, амалӣ сохтани меъёрҳои демократӣ вобаста мебошад. Бо ин мақсад дар деҳаи “Хурсандӣ” – и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён барои омӯзиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки он самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад ва Паёми навбатӣ бо иштироки аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ ноҳиявӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар мулоқот масъулин баромад намуда, дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, номзадҳои он ва Паёми Пешвои миллат ба ҳозирин маълумот дода, онҳоро барои иштироки фаъолона дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ даъват карданд.

ЭЪЛОН ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲХДТ - ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”
МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2025
Архивӣ Моҳона
- Декабр 2020 (379)
- ноябр 2020 (302)
- Октябр 2020 (495)
- Сентябр 2020 (734)
- Август 2020 (588)
- Июл 2020 (594)
- Июн 2020 (711)
- Май 2020 (582)
- Апрел 2020 (436)
- Март 2020 (203)
















