КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Қизил Юлдуз” –и Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки Барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад. Дар охири суҳбат аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки “Рӯзи 1 – уми март ҳама ба интихобот ва овози ҳар яки шумо дар интихобот зарур аст. ”