БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАВОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯриҳои номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи техникӣ” бо иштироки  интихобкунандагон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Шарифҷон Ҳакимзода-номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии  Кӯлоб №37 мулоқот доир карда шуд.

Нахуст шахси боэътимоди Шарифҷон Ҳакимзода номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар мавриди шарҳи ҳол, собиқаи корӣ ва барномаи пешазинтихоботии номзад маълумот дода, оид ба фаъолияти босамару судманди ӯ дар мақомоти қонунгузор ибрози андеша намуд.

Масъулини ҳизбӣ ба ҳозирин изҳор доштанд, ки рӯзи 1-уми март бо фарҳанги баланди сиёсӣ дар интихоботи вакилони халқ иштирок намуда, ба номзадҳое, ки барномаҳояшон баёнгари ниёзҳои мардум аст, овоз диҳанд. Ҳамзамон дар мавриди ҳадафу муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа, ғамхории хосаи Сарвари давлат, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи қишри ниёзманд, маъюбу ятими ҷомеа ва дигар масоили маънавӣ ибрози андеша намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg