БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУОШИРАТИ ОМӮЗИШӢ БО НОЗИРОНИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар остонаи баргузории интихобот дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба пешбурди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба интихобот нишасти омӯзишӣ бо иштироки нозирони миллии аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ интихобгардида доир гардид. Намояндагони ҳизбӣ зимни суханронӣ  баён доштанд, ки дар давраи ташвиқотию тарғиботӣ  барномаҳои номзадҳо аз ҲХДТ  интихобкунандагон бо суолу дархостҳои зиёде ба номзадон ва шахсони боэътимоди онҳо муроҷиат намуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки вазъи иҷтимоии сокинон боло рафта, мардум мехоҳад, ки барои ободии диёр, пешрафту шукуфоии маҳал ҳиссаи арзандаи худро гузорад. Инчунин,  таъкид шуд, ки мутобиқ ба дастури Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ бояд то бегоҳии санаи 28 феврал тамоми воситаҳои таблиғотӣ аз пештоқи муассисаву корхонаҳо гирифта шавад. Ҳамчунин ба нозирон дастур дода шуд, ки дар рӯзи интихобот бо назардошти риояи талабот барои роҳнамоии интихобкунандагон хизмати софдилона анҷом дода, фарҳанги муносибату муоширатро бо нозирони дигар ҳизбҳои сиёсӣ, нозирони байналмилалӣ ва интихобкунандагон риоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg