КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ” бо иштироки намояндагони ҳизбӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Масъулин зимнан иштирокдоронро ба муносибати таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният намуда, омӯзгорон ва хонандагоне,ки дар чорабинии фарҳангӣ фаъолона ширкат доштанд бо ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Дӯсти” ба сухан баромада, зикр намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ қодир аст, ки марзу буми Ватан ва истиқлолияту якпорчагии кишварро садоқатмандона ҳимоя намуда, дар таъмини амнияти Тоҷикистон саҳми беназир гузошта истодааст.