БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ БЕВОСИТАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтоблиқо” бо аъзо ва тарафдорони ҳизб   вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохуриро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  оғоз бахшида, қайд намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ тамоми самтҳои  афзалиятноки фаъолияти хоҷагии  халқро дар бар гирифта, зимни Анҷумани 13-уми ҲХДТ Пешвои миллат қайд намуданд: “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад” Инчунин, оид ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд.

Дар ин росто  аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg