КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи саратон" бо интихобкунандагон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ иброз доштанд, ки инитихобот муҳимтарин василаи иштироки мардум дар идора намудани давлат ба шумор меравад. Ин аст, ки интихобот дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ падидаи маъмулӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити муосир равандҳои демократӣ он, ҳамчун омили истиқлолият, ифодаи ирода, меҳвар ва нақши сиёсии мардум ва сарчашмаи ҳокимияти иҷроия ба ниҳодҳои сиёсӣ тааллуқ дорад. Маълум аст, ки интихобот ба тариқи овоздиҳии мардум сурат мегирад. Бояд қайд намуд, ки овоздиҳӣ натанҳо ба интихобот вобастагӣ дошта, он инчунин дар дигар равандҳои демократӣ - аз ҷумла дар райъпурсӣ, қабули қарорҳо ва ҷаласаҳо истифода мешавад.
Дар фарҷоми мулоқот иштирокчиён якдилона Барномаи ҳизбро дастгирӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар интихобот фаъолона иштирок карда, ба номзадҳои арзандаи ҲХДТ овоз медиҳанд.