БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ташаккул меёбад

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Пахтадашти ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти ноҳия бо иштироки табақаҳои гуногуни сокинони деҳаи мазкур оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷамъомад доир намуданд.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов, мудири шуъбаи иттилоот,таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Сафаралӣ Камолов ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Зимни баромад Маҳмадов Одилҷон қайд намуд, ки  моро зарур аст бо раванди ҷаҳ­онишавӣ ҳамаи падару модарон ба хотири ­пешгирӣ кардан аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ам­алҳои номатлуби ҷомеа ва тарбияи дурусти ­онҳо фарзандонро зери назорат гиранд. Дигар шахсони масъул низ дар ин радиф фикру мулоҳизаҳои  хешро  оид ба масъалаҳои мазкур  баён  карда, ҷамъомадагонро барои саҳм гузоштанд дар  пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон  раҳнамоӣ намуданд.
Инчунин, дар маҳаллаи мазкур ташкилот­и ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Меҳнат" таъсис дода шуда, Донаева Майсара раи­си ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид. Иштирокчиён пешниҳоди неки ҳизбиёнро оид ба таъ­сиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ якдилона ­қабул намуда, миннатдории хешро аз масъулин баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg