БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ТАҚДИРИ ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ БЕ ТАРАФ НАБОШ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқи нақшаи кории  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар   факултаи забон ва адабиёти руси ДДК  мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  бо интихобкунандагони ҷавон    ҷараён гирифт.

Дар раванди суҳбат масъулин баромад намуда, оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва раванди иштироки ҷавонон дар интихобот ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фикру ақидаҳои хешро баён намуда, иброз  доштанд, ки зимни  баргузории Анҷумани 13-уми ҲХДТ Пешвои миллат қайд карданд: “Барои таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон сохтору мақомоти марбутаро вазифадор месозам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030”- ро дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд”.

Ин иқдоми созанда, ҷавононро ҳавасманд намуда, зикр карданд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи корӣ худ намуда, зимни баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ аз худ масъулияти баланди  ватандӯстӣ нишон дода, дар  раванди интихоботи парлумонӣ фаъолона иштирок менамоем ва ба номзадҳои арзанда овоз хоҳем дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg