КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Парастӯ" бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷонибдорон ва аъзои ҳизб мулоқот доир гардид.
Дар ибтидо масъулин суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, воқеан, барномаи корие барои рушди бемайлони кишвари азизамон буда, барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ заминаи мусоидро мегузорад. Гузашта аз ин, Пешвои миллат дар Паёмҳои худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, маориф, фарҳанг ва дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар охири мулоқот аз иштирокчиён оид ба раванди гузариши интихоботи дарпешистода ва иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаи муҳими сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд. Мулоқот бо суолу ҷавобҳои ҳозирин хотима ёфт.