БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "М. Касирзода" бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот дар партави  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  доир гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат иброз доштанд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  воқеан, барномаи корие барои рушди  минбаъдаи  кишвари азизамон буда,  барои  расидан ба ҳадафҳои стратегии дар пешистода   заминаи мусоидро  фароҳам  меорад. Инчунин,  дар рафти суҳбат оид ба  хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ     нисбати  соҳаи иҷтимоиёт  суханронӣ  намуда, дастгирии онҳоро яке аз барномаҳои ҲХДТ арзёбӣ намуданд. Дар баробари ин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоботи  парлумонӣ, ки санаи 1.03.2020 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg