ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баррасии нуктаҳои муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрвандони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият менамоянд, дар Донишгҳоҳи федералии Уляновскийи Федератсияи Россия вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб иштирок намуда, зикр кард, ки санаи 26 декабри соли 2019 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, он фарогирии тамоми самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, дохиливу хориҷиро дар бар гирифта, баҳри рушди босуботи кишвар ва амалӣ намудан бандҳои он марҳилаи нави пешрафту шукуфоиро таъмин намуда, зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дар роҳи рушди минбаъдаи давлатдории навини миллиамон муҳайё месозад. Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 марти соли 2020 дар кишварамон интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳалии халқ доир мегардад. Дар қаламрави Федератсияи Русия низ аз ҷониби намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шуда, шаҳрвандони дар Русия кору фаъолият дошта, имконияти муайян намудани мавқеи сиёсии худ бо иштирок дар раванди интихоботро доранд. Инчунин, қайд гардид, ки бинобар сабаби маъракаҳои сиёсии дар пешбуда, гурӯҳҳои ифротгаро дар хориҷи кишвар махсусан барои халалдор намудани сулҳу оромӣ ва амни миллати тоҷик фаъолтар гардида, дар фаъолияти худ бештар ҷавонони берунмарзиро ба доми хеш кашида, онҳоро ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб сохта истодаанд. Дар робита ба ин масъала ба фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористие, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст маълумот дода, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки дар раванди ҳассоси глобалишавии ҷаҳони муосир ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободии кишвар донишу малакаи худро бо истифода аз омӯзиши илмҳои замонави сайқал дода, дар ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.