ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар Федератсияи Руссия кору фаъолият мекунанд, дар шаҳри Уляновскийи Федератсияи Россия вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб иштирок намуда, зикр кард, ки санаи 26 декабри соли 2019 Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, он фарогирии тамоми самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, дохиливу хориҷиро дар бар гирифта, баҳри рушди босуботи кишвар ва амалӣ намудан бандҳои он марҳилаи нави пешрафту шукуфоиро таъмин карда, зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дар роҳи рушди минбаъдаи давлатдории навини миллиамон муҳайё месозад. Мавсуф дар суханронии худ махсусан қайд намуд, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди дохиливу берунмарзии Тоҷикистон буда, баҳру пешрафту шукуфоии кишвар иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарии сулҳу суботи комил сарҷамъона кӯшиш намоем.