ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Якатути Ҷамоати деҳоти Даҳана оиди баргузории интихоботи навбатии вакилони халқ дар рӯзи 1 марти соли равон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ номзадҳои ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи № 34 Абдуллоева Раъно ва номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи № 16 Бобобеков Хусрав иштирок намуда, дар назди ҳозирин оид ба самтҳои Барномаҳои пешазинтихоботии хеш андешаронӣ намуданд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025 андешаронӣ намуда, мардумро барои иштироки фаъолона дар интихоботи навбатӣ ҳидоят намуданд.