БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ НИШОНАИ СОҲИБДАВЛАТИСТ!

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чунин як вохӯрии судманд бо иштироки интихобкунандагони деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти  Чоргули ноҳияи Ёвон  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ номхадҳои ҲХДТ ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ иштирок ва баромадҳо намуда, интихобкунандагонро бо Барномаҳои пешазинтихоботии хеш ошно сохтанд. Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ҳар як вакил ва ё ҳизби сиёсӣ кӯшиш мекунад, ки дар интихобот ғолиб ояд, ӯро ки мардум вакили арзанда ва ғамхорӣ халқро интихоб менамояд. Аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чоргул номзадии Олтибоева Гулрухсор ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи № 35, номзадии Н.Саъдуллозода  ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  аз ҲХДТ пешбарӣ карда шудааст.

Масъулини ҳизбӣ  интихобкунандагонро барои ширкати фаъолона дар интихобот, интихоби ояндаи босаодати миллат тавассути номзадҳояшон даъват намуда, дархост карданд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамчун рӯзи ҷашну сурур иштирок намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg