ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ Ғафоров Сайдумар Файзуллоевич дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистон баргузор гардид.
Дар ин вохӯри шахси боэътимоди номзад тарҷумаи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзадро ба ҳамагон муаррифӣ намуда, ба фаъолон ва сокинони деҳаи мазкур таъкид кард, ки дар маъраки сиёсии интихобот фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.
Дар фарҷом қайд гардид, ки Ғафоров Сайдумар Файзуллоевич ҳамчун ҷавони фаъол, аз ҷониби ҲХДТ номзадиаш ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ пешниҳод гардидааст.