ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш дар деҳаи Ҷавонӣ бо мақсади ошноӣ пайдо намудан бо шарту шароити мардуми деҳот, гурӯҳи корӣ дар ҳайати номзадҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллӣ ва Раиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш вохӯри гузаронида шуд.
Масъулин зимнан бо мардум аз наздик шинос шуда,бо онҳо суҳбати самимона доир карда, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, рӯз то рӯз Ватани азизамон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст, ёдоварӣ карда, аз ҳар яки онҳо барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват ба амал оварданд.